Блогери маъруф Ҷейк Пол омодаи рақобат бо Ҳабиб аст

Мушзани навкор Ҷейк Пол изҳор намуд, ки ӯро рақобат бо Ҳабиб Нурмагомедов тибқи қоидаҳои санъати муҳорибаҳои омехта шавқманд кардааст.
Ёдрас мекунем, ки Ҳабиб маъруф бо тахаллуси «уқоб» соли 2020 пас аз пирӯзӣ бар Ҷастин Гейҷи хатми маснади варзишӣ намуда буд, дар ҳоле,ки Пол пештар ҳеҷ вақт вориди ҳашткунҷа нашудааст.
«Ман бо Ҳабиб дар ММА рақобат менамудам, агар онҳо чунин пешниҳодро бихоҳанд. Чаро, ки ин рақобат фарогир хоҳад буд. Ин маро хавотир мекард ва ман махсусан вақти бештаре барои тамринҳо медоштам.
Ин рақобати бузург мешуд. Эҳтимолан миллион ва ё ду миллион пахши телевизионии пулакии PPV (pay-per-view) моро интизор мебуд. Кулли чизе, ки ман аз болояш кор мекардам, ин беҳбуд бахшидани кор дар замин ва ё худ партер аст. Чаро, ки дар рақобати росто ман метавонам ӯро мағлуб кунам», – гуфтааст блогер.