МУҲОҶИРОН

БОЗДОШТИ МУТТАҲАМИ АВВАЛИН ДАР ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ТАКСИРОНИ ТОҶИК

Телеграм-канали “Mash на Мойке” хабар дод, ки нафари муттаҳам ба қатли бераҳмонаи таксирони тоҷик Эмомалӣ Давлатовро дар як вилояти дигари Русия дастгир кардаанд. Бино ба иттилои ин канал, нафари дастгиршуда 18 сол дошта, низ шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ҷасади Эмомалӣ Давлатов, таксирони 26-сола аз Тоҷикистонро шаби 23 ба 24 январ бо гулӯи бурида дар дохили мошини тамғаи «Фолксваген Поло» дар нишебии пандуси фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт- Петербурги Русия пайдо карданд. “Mash на Мойке” хабар дод, ки “он рӯзи наҳс Эмомалӣ аз Василевский остров ду мусофирро то фурудгоҳ гирифта, аз онҳо иҷозат пурсидааст, то як рафиқашро ҳам то Пулково барад. Муштариён не нагуфтаанд ва онҳо ҳамроҳ то фурудгоҳ рафтаанд. Дар Пулково он ду мусофир фаромадаанд ва Эмомалӣ бо рафиқаш дар дохили мошин мондаанд.” Байни ӯву дӯсташ чӣ гузашт?, касе намедонад, вале ҷасади таксиронро баъди чандин соат бо гулӯи бурида аз даруни мошинаш ёфтанд. Қотил василаи куштор: кордро ҳам дар дохили мошин партофта, рафта буд. “Қотил дӯсташро кушта, худ сари чанбари фармони мошин нишаст ва онро ба ҷои канортар ва дуртар аз даромадгоҳ ронд”, — хабар дод “Mash на Мойке”. Ин ҷавони 18-соларо, ки билофосила аз Петербург фирор кард, дар як вилояти дигари Русия пайдо кардаанд.Яке аз дӯстони Эмомалӣ Давлатова ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” нақл кард, ки марҳум аз деҳаи Чорбоғи ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат буд. Падарашон аз модари онҳо барвақт ҷудо шуд ва Эмомалӣ ва як бародарашро модари онҳо ба танҳоӣ ба воя расонд. Эмомалӣ Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда, дар мактаби деҳаи Шодмонқалъа аз фанни информатика ва технологияҳои нав дарс медод. Азбаски маоши муаллимӣ ба зиндагиаш намерасид, Эмомалӣ дар вақти таътили тобистона ба Русия мерафт ва таксиронӣ мекард. Аммо ин дафъа ӯ дар нимаи соли таҳсил мактабро партофта, дар арафаи соли нав ба Русия омад, чунки ба иллати камии маош аз ҳама қарздор шуда буд ва аз тарафи дигар, ҳам модараш мариз шуда буд ва ҳам ҳамсараш ҳомила шуда буду омодагӣ ба таваллуди нахустфарзанд маблағи бештар талаб мекард. “Ин ҳама Эмомалиро маҷбур кард, ки мактабро партофта, ҳамсари ҳомилаашро пеши модари маризаш бигузорад ва боз ба Русия биояд. Вале, мутаассифона, он сафар ба фурудгоҳ сафари охирини ӯ шуд ва ӯ рӯи фарзанди нахустинашро нодида, аз дунё рафт…” – нақл кард дӯсташ дар суҳбат бо “Бомдоди”. Бародари ягонаи Эмомалӣ низ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button