ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Вазири кишоварзӣ ва раисони чанд шаҳру ноҳияи Тоҷикистон нав шуданд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ шуморе аз мансабдоронро аз мақомҳояшон барканор ва афроди дигарро ҷойгузини онҳо кард. Ин тағйироти кадрӣ дар сатҳи вазоратҳо ва шаҳру ноҳияҳо сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Сулаймон Зиёзода, ки дар мақоми Вазири кишоварзӣ кор мекард, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода шуд, ки ҳоло Сафорати Тоҷикистонро дар Русия раҳбарӣ мекунад. Саъдӣ Каримзода, ки муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, ба ҷойи Сулаймон Зиёзода, вазири кишварзӣ таъйин шудааст.

Бар асоси фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, раисони шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияи Ашти вилояти Суғдро аз мақомҳояшон барканор ва афроди нав ба ҷойи онҳо таъйин шудаанд.

Ин нахустин тағйироти кадрӣ дар сатҳи ҳукумат Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба шумор меравад. Пас аз ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки рӯзи 20-уми январ баргузор шуд, интизор мерафт, ки чунин тағйироти кадрӣ сурат мегирад.

Мухолифон мегӯянд, он бештар аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки парвардаи низоми ҳозира ҳастанд ва аз эҳтимол дур аст, ки ба ислоҳот дар соҳаҳои худ даст бизананд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button