Ҷомеа

ҲАҚИҚАТИ ТАЛХ бояд гуфта шавад, агар гуфта нашавад, аз бад бадтар хоҳад шуд .

Тоҷикони Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, водии Зарафшон, Бадахшон, Кӯлоб, водии Ҳисор, Қаротегин гарчанде ба як забон ҳарф мезананд, аммо арзишҳо, боварҳо, ҷаҳонбинӣ ва тариқати зиндагияшон тамоман дигар аст.Мо ба лаҳҷаи ҳамдигар механдем, як овозхоне надорем, ки ҳама гӯш андозем, дар интихоби миллат ё маҳал ҳатман такя ба маҳал мекунем. Агар бонуе ба ҷавоне аз минтақаи дигар ошиқ шавад, фоҷиа меҳисобем.Шабакаҳои иҷтимоӣ маризиҳои моро рӯ занонданд. Ҳатто лайкҳо маҳалиянд. Ҳизбу гурӯҳҳо маҳаллиянд. Консертҳо маҳаллиянд. Сугномаҳо маҳалиянд. Қаҳрамонҳо маҳалиянд. Номи дигари минтақаҳо дар сӯҳбатҳои хусусӣ «ганс», «будик», «говсавор», «мун» ва ё «тушка» аст.Пойтахт ҳатто моро ба ҳам наздик накард. Дар Душанбеи имрӯза ҳама омадагони наваш худро «душанбегӣ» намегӯянд: «фархорӣ», «ванҷӣ», «исфарагӣ» ва ғайра ном мебаранд. Гумон доштам, ҷанги шаҳрвандӣ, ки беш аз 150 ҳазор қурбонӣ дод, як суде хоҳад овард: хуни миллат тоза мешавад, сабақ мегирад ва ба ҳам меояд, зеро бисёр миллатҳо баъди ҷангҳо аз нав эҳё гаштаанд. Ман саҳв кардам.Ин мавзӯъ басо нозук аст. Аммо бояд гуфта шавад. Вагарна мисли захме, ҷароҳатест, ки агар табобат нашавад, ба марг меоварад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button