ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Даъвати Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз Чин

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона — 2022 даъват кардаанд, иттилоъ дод хабаргузории «Ховар». Феълан мақомоти тоҷик расман дар бораи сафари Раҳмон ба Чин хабаре нашр кардаанд.Чунин даъватномаро аз Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар баробари Эмомалӣ Раҳмон инчунин роҳбарони як қатор кишварҳои дигар низ гирифтанд.Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона — 2022 рӯзи 4 феврал дар варзишгоҳи Пекин дар назар аст. Феълан омодагиҳо дар Чин идома дошта, се маҳали олимпиро аллакай 27 январ ифтитоҳ мекунанд.Дар мавриди даъвати меҳмонон ба ин чорабинӣ Пекин изҳор дошт, ки даъватномаро унвонии мақомдорону чеҳраҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ равона намудаст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button