Ҷомеа

СОКИНИ СОЛХӮРДАИ ВАҲДАТ ЯК СОКИНИ КӮЛОБРО ДАР ПОЙТАХТ КОРД ЗАДААСТ

Сокини 51-солаи шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки шоми 14 январ, тахминан соати 17:00 дар ҳудуди пойтахт бо сокини 37-солаи шаҳри Кӯлоб ҷанҷол карда, вайро як корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида бо ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ гардидааст.

хххххххххххх

Сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 14 январ аз хонаи зани 37-солаи сокини пойтахт ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

хххххххххххх

Сокини 40-солаи қаблан судшудаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 26 декабр аз дохили мошини КАМАЗ дар ноҳияи Шоҳмансур ду аккумуляторро дуздидааст.Аз навори хабарҳои рӯзи 17 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button