Хабарҳои кӯтоҳҶомеа
Ҳабиб дар кишварҳои Осиёи Марказӣ «фастфуд» мекушояд: Тоҷикистон дар рӯйхаташ нест

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik Собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ки қаблан ба фаъолияти варзишияш нуқта гузошт, ҳоло рӯ овардааст ба соҳибкорӣ.Варзишкор ба ифтитоҳи нуқтаҳои хӯроки тезтайёр шурӯъ кард. Номи шабакаи «фастфуд» — и ӯ, M-eat by Khabib буда, нахустин нуқта дар шаҳри Маскав аллакай шурӯъ ба кор намудааст.Варзишгар ният дорад, ки дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, 999 тарабхонаи «фастфуд» боз кунад.