Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Расонаҳо: Ӯзбекистон интиқоли барқ ба Афғонистонро 60 фисад коҳиш дод

Бо коҳиш ёфтани интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон 16 вилояти ин кишвар бидуни рӯшноӣ монд

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Ширкати миллии барқи Афғонистон (DABS) иддао дорад, ки Ӯзбекистон содироти нерӯи барқро ба ин кишвар бидуни огоҳӣ 60 дарсад коҳиш додааст. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе шабакаи телевизионии «Ariana News» хабар дод.Ба гуфтаи ин ширкат, ҷониби Ӯзбекистон ин вазъро ба «мушкилоти фаннӣ» рабт додааст. Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки чунин мушкил дар нерӯгоҳи «Марҷон» рух дода, бинобар ин содирот кам шудааст.Дар ҳамин ҳол ширкат тавзеҳ додааст, ки дар ояндаи наздик ин мушкил бартараф ва Афғонистон дар ду-се рӯзи наздик бо нерӯи барқ таъмин мешавад. Ҷониби Ӯзбекистон ҳам зикр намудааст, ки барои таъмир вақти зиёд лозим нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button