ВарзишХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд

Интихоби Мавзуна чориева ба ин вазифа бо тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти КМОТ сурат гирифтаастДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё оид ба бокс Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, интихоби Мавзуна Чориева ба ин вазифа дар ҷаласаи ахири Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сурат гирифт.

Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият дошт.

Гуфта мешавад, ҷаласа таҳти раёсати ноиби президенти Кумита Раҳмонзода Абдулло доир гаштааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button