ТОҶИКИСТОН

Ҳабс: Барои ташкили қиморбозӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик»

Ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик», ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, як падидаи басо номатлуб ва амали ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Нафарони қиморбоз бо роҳи макру фиреб таваҷҷӯҳи шаҳрвандону атрофиёнро ба худ ҷалб намуда, маблағҳои пулии онҳоро аз они худ мекунанд.
  Кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҳолатҳо ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, нафарони қиморбозро дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб менамоянд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши навбатӣ шаҳрванд Муқимов Муродалӣ Умаралиевич санаи таваллудаш 01.02.1969, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ ҳангоми қиморбозӣ дар кӯчаи Фирдавсӣ аз ҷониби кормандони милисияи пойтахт дастгир карда шуд.


  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки гарчанде қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам тарки ин амали ғайриқонунӣ накарда, баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меовардааст.
  Вобаста ба ин нисбати Муқимов Муродалӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button