ТОҶИКИСТОН

Вазорати корҳои дохилӣ барои ин кор рӯзи 3-юми январ Пӯлод Барфиро аз мақомаш барканор кардааст.

Додситонии вилояти Хатлон ҷанҷоли як афсари баландрутбаи Вазорати корҳои дохилиро бо сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун таҳқиқ мекунад, ки зимни он аз аслиҳа истифода шудааст. Мақомот ҳодисаро расман шарҳ намедиҳанд.Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ 5-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, зимни даъвое дар шаби 31-уми декабри соли 2021 Пӯлод Барфӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун, ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, таппонча гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кардааст.Вазорати корҳои дохилӣ барои ин кор рӯзи 3-юми январ Пӯлод Барфиро аз мақомаш барканор кардааст. Ҳоло Исроил Ғоибзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори ШКД дар ноҳияи Ҷайҳун аст.Бино ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, сабаби муноқиша ин будааст, ки гуё кадом хеши сартабиби Ҷайҳун нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ доштааст ва ба Пӯлод Барфӣ беэҳтиромӣ кардааст. Пӯлод Барфӣ дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки “ҳеч ҷанҷоле набуд”. Вазорати корҳои дохилӣ мавзуъро шарҳ надодааст, вале дар Додситонии вилояти Хатлон ҳодисаро тасдиқ карданд.“Ҳодиса шаби Соли нав дар як тарабхонаи ноҳия рух додааст. Он ҷо раиси суди ноҳия ва сардори КДАМ дар ноҳия низ ҳузур доштаанд. Онҳо ҷанг байни ду нафарро халос карда, бо даъвати дигарон таппончаро аз дасти сардори ШВКД гирифтаанд,” — гуфт яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахост номаш фош шавад.Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, то 3-юми январ ҳама иштирокчиёни ҳодиса онро пинҳон доштаанд ва мақомоти додситонӣ аз ин дертар огоҳ шудаанд.Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳияи Ҷайҳун, рӯзи 5-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз мақомоти тафтишотӣ пурсед, ки чӣ ҳодиса шудааст.”Полковник Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ даҳ моҳ пеш ба вазифаи сардори ШКД-и ноҳияи Ҷайҳун таъин шуд. Ӯро ба ҷойи Неъматулло Солеҳзода, ки бо иттиҳоми «суистифода аз мансаб» дар қазияи кочоқи тило боздошт шуд, ба ин вазифа таъин карданд. Пеш аз ин, ӯ сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе буд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button