ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРИ ОМОДАГИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ФИРИСТОДАНИ НИРӮИ ҲАРБӢ БА ҚАЗОҚИСТОН

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6 январ дар як изҳороти вижа бо изҳори нигаронӣ ва таассуфи ҷиддӣ аз вазъи Қазоқистон гуфт, Душанбе барои ирсоли нирӯи ҳарбӣ ба ин кишвар омода аст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон “дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ, ки соҳиби аслиҳаи марговар ва техникаи махсус гаштаанд, боиси нигаронии амиқ мебошад” ва Душанбе “ташвиши роҳбарияти Қазоқистонро аз кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвар тавассути барангехтани рӯҳияи эътирозӣ комилан ҷонибдорӣ мекунад.“Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки мардум ва роҳбарони Қазоқистон қодиран, дар фурсати кӯтоҳтарин ва бо роҳи муколама ба хушунатҳо поён диҳанд ва Душанбе дар ин маврид аз талошҳои мақомоти Қазоқистон дастгирӣ мекунад.Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки “бо риояи ӯҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем.“Ёдовар мешавем, шоми 5 январ президенти расмии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ кард ва ҳаводиси ахирро кори дасти “террористҳо” номида, аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button