Минтақа ва ҶаҳонҲуқуқи инсон

Дар Узбекистон ронандагон барои хариди гази табиӣ аз шаб навбат меистанд

Дар Узбекистон бо фарорасии фасли сармо ва камбуди неруи барқ мушкили норасоии ҷиддии гази табиӣ ба миён омадааст. Ронандагон дар вилояти Фарғонаи Узбекистон мегӯянд, баъзе аз рӯзҳо маҷбур мешаванд, ки барои харидани гази табиӣ соати сеи шаб ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рафта, навбат бигиранд.

«Агар соати сеи шаб навбат бигирам, соати 8-и субҳ метавон газ харидорӣ карда, ба кор равам. Ҳар рӯз маҷбур ҳастам, ки 5-6 соат дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ навбат поям. Соли нав ҳам омад, вале вазъ тағйир наёфт», — мегӯяд як ронанда аз Фарғона бо номи Ҷаҳонгир.

Ба гуфтаи Ҷаҳонгир, гароншавии нархи гази табиӣ, ки ибтидои моҳи декабри соли гузашта сурат гирифт, ба болоравии нархи маҳсулот ва роҳкиро низ сабаб шудааст.

Ба иттилои Кумитаи омори Узбекистон, қарор буд соли 2021 дар он кишвар 53,8 миллиард метри мукааб гази табиӣ истеҳсол шавад, ки назар ба соли 2019 6,7 миллиард метри мукааб камтар аст.

Ҳукумати Узбекистон пештар эълом карда буд, ки нархи гази табиӣ, барқ, оби гарм ва оби нушокиро дар соли 2022 боло мебарад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button