Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Бонки миллӣ коргар меҷӯяд: донистани 3 забон ҳатмист

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Довталабони кор дар Бонки миллӣ, баробари доштани маълумоти олию собиқаи корӣ дар ин соҳа, бояд ҳатман забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро донанд. Барои хоҳишмандони кор дар бархе аз вазифаҳо, танҳо донистани забони давлатию русӣ ҳатмист.Тибқи иттилои БМТ, аз ҷумла мақоми муовини шуъбаи минтақавии ин бонк дар шаҳри Хоруғ феълан холист. Аз довталаб доштани таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ ва собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳа талаб карда мешавад. Таъкид шудааст, ки барои кор дар ин мақом донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ афзалият дониста мешавад.Дар департаменти мониторинги молиявӣ, мақоми сардори шуъбаи дастгирии ҳуқуқӣ холист, ки довталабони кор дар он бояд соҳиби маълумоти олии ҳуқуқӣ, собиқаи кории на кам аз 3 сол бошанд. Дар феҳрасти талабот, инчунин озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ ва русӣ зикр шуда, забонҳои хориҷии дигар афзалият арзёбӣ гардидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button