Афғонистон

Марзбонҳои Туркманистон рӯзи 3-юми январ бо нерӯҳои Толибон дар сарҳад вориди даргирӣ шудаанд.

Марзбонҳои Туркманистон рӯзи 3-юми январ бо нерӯҳои Толибон дар сарҳад вориди даргирӣ шудаанд. Сокинони ноҳияҳои вилояти Ҷузҷони Афғонистон хабар доданд, ки дар задухӯрд аз мушакҳо низ истифода шудааст.Дертар хабарро расонаҳои маҳаллии Афғонистон тасдиқ карданд. Телевизиони “Тулуъ” бо такя ба масъулони гуруҳи Толибон хабар дод, ки тирпарониро аввал марзбонони Туркманистон оғоз кардаанд.Ба иттилои манбаъ, низомиёни Толибон ба маҳалли ҳодиса барои таҳқиқи марги сокини осоиштае рафта буданд, ки гуё аз сӯи марзбонони туркман кушта шудааст.Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба нашрияи афғонии «Ҳашти субҳ» суханони сардори бахши иттилоот ва фарҳанги Ҷузҷон Ҳилолӣ Балхиро иқтибос овардааст, ки «марзбонони туркман се рӯз пеш як сокини осоиштаро ба қатл расонда, як тани дигарро латукӯб карданд. Низомиёни Толибон низ ҳангоми таҳқиқи сабабҳои куштор дар посух ба амали марзбонони туркман оташ кушоданд.”Ҳар ду ҷониб дар бораи талафоти ҷонӣ дар натиҷаи ин задухӯрд хабар надодаанд. Ҳукумати Туркманистон ҳодисаро шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button