МАНУЧЕҲР САФАРОВ БЕҲТАРИН ҲИМОЯТГАРИ ТАРАФИ РОСТИ ОСИЁ ДОНИСТА ШУД

AFC- Конфедератсияи футболи Осиё тими рамзии мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро эълон кард. Футболбози ҷавони тоҷик Манучеҳр Сафаров, ки ҳамагӣ 19 сол дорад, беҳтарин ҳимоятгари ҷабҳаи рости қораи Осиё интихоб гардида, ба ҳайъати тими рамзии ин қора роҳ ёфтааст. Ин бори аввал аст, ки футболбозони тоҷик беҳтарин бозигари қораи Осиё дониста мешаванд.Манучеҳр Сафаров дар охирин мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё дар ҳайъати “Истиқлол” (Душанбе) ҳунарнамоӣ карда буд ва моҳи декабр бо дастаи машҳури эронии “Персеполис” аз Теҳрон барои се сол қарордод баст.»Истиқлол», қаҳрамони футболи Тоҷикистон, то ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Осиё роҳ ёфта, дар ин марҳила аз қаҳрамони Эрон «Персеполис» бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд, вале бозии хатти дифоии “Истиқлол” ончунон ба рақибаш хуш омад, ки якбора ду ҳимоятгари “Истиқлол”: Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанноновро ба Теҳрон даъват карданд. Бино ба иттилои сомонаи “Трансфермаркт”, “Персеполис” барои харидани Манучеҳр Сафаров 175 ҳазор евро харҷ кардааст.