Хабарҳои кӯтоҳ

Таҳқиқи навор: ронандае, ки баъди пахши пирамарди 74 сола фирор намуд, муайян гардид!

Субҳи 1 январи соли 2022 дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори аз ҷойи ҳодиса фирор кардани ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум рақами қайди давлатиаш 5812FF01 нашр гардида, мавриди вокуниши васеи шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Тавре аз навор бармеояд, ронандаи автомашина баъди задани як нафар марди пиёдагард, ба ҷои кӯмак расонидан ва даъват намудани Ёрии таъҷилӣ, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст, ки бар асари зарба дар ҷои ҳодиса як ҷуфти рақами қайди давлатии 5812FF01 аз автомашина канда шуда афтидааст. Дар зимн шаҳрвандон бо ирсоли навори мазкур аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудаанд, ки нисбати ронандаи фирорӣ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.Видеоплеер00:0000:07

   Дар навбати худ, мақомоти милитсияи пойтахт дар доираи баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ баъди таҳқиқу санҷиши қазия, ки ҳамчун ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, дар посух ба муроҷиати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чунин иттилоъ медиҳад:
   Санаи 1 январи соли 2022, тахминан соати 04.10 дақиқаи субҳи барвақт ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла» рақами қайди давлатиаш 5812FF01 шаҳрванд Қаҳинов Хизралӣ Лутфуллоевич санаи таваллудаш 20.07.1998 истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навбаҳор ҳангоми ҳаркат тавассути кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи маркази савдои Фарангис аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард- пирамарди 74 соларо зада аз пой афтонда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагарди пиронсол аз зарби автомашина ҷароҳати дар намуди шикасти пой бардошта, аз ҷониби роҳгузарон ба Беморхона дастрас карда шуда, таҳти назорати духтурон қарор дорад.


   Дар робита ба ин ҳодиса, барои нисбати ронандаи фирорӣ Қаҳинов Хизралӣ Лутфуллоевич тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумуҳрии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудан маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда, санҷиши ҳодиса идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button