Афғонистон

Нахустин мусоҳибаи Ашраф Ғанӣ пас аз фирораш: «Шарикон, аз ҷумла Амрико маро қурбонӣ карданд

Нахустин мусоҳибаи Ашраф Ғанӣ пас аз фирораш: «Шарикон, аз ҷумла Амрико маро қурбонӣ карданд»Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷмҳури пешин Афғонистон, ки 15-уми август аз Кобул фирор кард ва давлат ба дасти гурӯҳи «Толибон» суқут кард, дар нахустин гуфтугӯи расонаии худ бо BBC мегӯяд, ки шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Амрико ӯро қурбонӣ карданд.Ғанӣ дар ин мусоҳиба фирораш аз Кобулро як тасмими ногаҳонӣ номида, гуфтааст фирор замоне иттифоқ афтод, ки нируҳои амниятии ӯ дар Арг ба ӯ гуфтанд, ки дигар қодир ба муҳофизати ӯ ва пойтахти кишвар нестанд.Раисҷумҳури фирории Афғонистон, имрӯз, 30-юми декабр дар гуфтугӯе бо генерал Сэр Ник Кортар, раис пешини Ситод артиши Биритониё барои барномаи «Тудей»-и Радиои 4-и BBC гуфт, ки ягона иштибоҳи ӯ ба унвони раисҷмҳур эътимод ба шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Амрико буд. Ӯ дар ин гуфтугӯ мегӯяд, ки хашми мардуми Афғонистонро ва ин, ки ӯро муқасири тасаллут зудҳангоми “Толибон” бар Афғонистон медонанд, дарк мекунад.Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми август, бо расидани “Толибон” ба дарвозаҳои Кобул, бидуни эълони пешакӣ Афғонистонро тарк кард. «Азия-Плюс» яке аз аввалин расонаҳое буд, ки хабари фирори Ашрафғаниро нашр кард. Бо интишори хабари фирор Ғанӣ аз кишвар, Толибон вориди Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон шуданд ва давлат амалан суқут кард. Ў чанд рӯз пас аз ин иттифоқ, дар як паёми видеоӣ аз Амороти Муттаҳида Арабӣ гуфт, ки чун «як тавтеаи ҷонӣ» дар камини ӯ буд, маҷбур шуд барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ ва фоҷиа кишварро тарк кунад.Ғанӣ дар мусоҳибаи имрӯзаш мегӯяд, ки ӯро қурбонӣ карданд то муқасири ҳарҷу марҷ ва буҳрони Афғонистон қаламдодаш кунанд. Ў гуфт шарикони байналмилалӣ ба таври мудовим ба ӯ фишор меоварданд ва ихтиёроти ӯро маҳдуд мекарданд.Дар ин гуфтугӯ, ӯ мегӯяд омодааст, ки барои таҳқиқот аз ӯ дар бораи иддаоҳои бурдан пул бо худ аз Кобул аз мошини дурӯғсанҷ истифода шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button