Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Русия тарҳҳои инноватсионии ҷавонони тоҷикро дастгирӣ мекунад

Ҷавонони Тоҷикистон барои таҳияи тарҳҳои инноватсионӣ аз Федератсияи Русия ду миллион доллар дарёфт карданд.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Русия барои татбиқи лоиҳаи рушди малакаҳои касбӣ ва тарғиби навоварӣ дар байни ҷавонон ба Тоҷикистон ду миллион доллар ҷудо кардааст.Иҷрои ин барнома аз якуми январи соли 2022 оғоз мешавад, гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар ин маросим.»Мо оғози як ташаббуси навро барои тавонмандсозии ҷавонон тавассути такмили ихтисос ва инноватсия эълон мекунем, ки Русия барои татбиқи он ду миллион доллар ҷудо кардааст», — гуфт дипломати рус.Ба гуфтаи ӯ, Русия дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ қасд доранд, барои ҷавонони фаъоли тоҷик то 350 ҷойи нави корӣ таъсис диҳанд ва дар ин замина ба талаботи муосири бозори меҳнат тамаркуз хоҳанд кард.Ин кумак асосан ба писарону духтарони манотиқи дурдасти Тоҷикистон дахл хоҳад дошт. Сафир ёдовар шуд, ки ин дуюмин лоиҳаи дастгирии ҷавонони кишвар аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button