Ҷомеа

“СВОЛОЧИ…” ВИДЕОИ ТАҲҚИРИ ЯК ДУХТАР АЗ СӮИ ҲАМСИНФОНАШ ҲАМАРО БА ШОК АНДОХТ

Ҳодиса ТВ, канале, ки бо нашри видеоҳои пурсарусадо ном баровардааст, сабти лаҳзаи таҳқири як духтари хонандаи мактабро нашр кардааст.Дар видео ҳама бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва чанд писар як духтари ҳамсинфи худро, ки ба ҷусса аз онҳо хеле хурд асту аз худаш ҳимоят карда наметавонад, дар як кунҷи синфхона танг карда, аввал дар сараш чанд тухмро зада мешикананд ва сипас ба сараш майонезу кетчуп ҳам мерезанд. Ҳамсинфони дигар, аз ҷумла духтарон, ин лаҳзаҳоро бо шӯру шавқ ва ханда тамошо мекунанд ва бо телефонҳои худ ба навор мегиранд.Касе ба ин бадрафтории писарон дахолат намекунад ва духтари бечораро аз дасти онҳо халос намекунад. Танҳо дар аввали сабт садои як духтари дигар меояд, ки “дар пеши курткаҳо не!”. Манзурам ин буд, ки ин корро дар наздикии ҷое, ки курткаҳои хонандагони синф овехта шудааст, анҷом надиҳанд, то ки мабодо тухм, майонезх ё кетчуп ба курткаҳои онҳо бирасад ва ба қавле, либоси онҳоро “ҷазир” кунад. Касе фикри ин духтарро накард, ки оё чунин таҳқир нисбат ба як инсон равост? Вақте ки писарҳо амали худро ба анҷом расонда, аз худ розиву қонеъ аз назди он духтар дур шуданд, он бечора бо сару мӯи пур аз тухму кетчупу майонез дар ҳоле ки гиря мекард, “сволочи, ҳаромҳо” гӯён ба тарафи дар рафт. Ҳамсинфонаш, ҳатто духтарон, ҳамчунон ба ҳоли ӯ механдиданд.Сабаби чунин муносибат ба ин духтар маълум нест, вале даҳҳо нафар дар зери ин видео рафтори он писарон ва бетарафии дигар ҳамсинфонашро ба шиддат маҳкум карда, аз мақомот хостаанд, то нисбат ба ин бадрафторон чораҳои қонунӣ биандешанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button