Сиёсат

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БА КУШОДАНИ ПАРВАНДА ВА ҲАБСИ ЭРАҶ ШИРИНЗОДА ИҶОЗАТ ДОД

Рӯзи 17 декабр дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ вакилони палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди прокурори генералӣ ҷиҳати бекор кардани дахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодӣ Ширинзода Эраҷ Сифот пазируфтанд ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани ӯ ризоият доданд. Хадамоти матбуоти Маҷлиси миллӣ ҳамчунин хабар дод, ки Ширинзода Эраҷ Сифот бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.Хадамоти матбуоти Маҷлиси миллӣ дар бораи ба чӣ муттаҳам шудани судяи Суди олии иқтисодӣ Эраҷ Ширинзода ягон тафсилот надодааст, вале таъбири “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” ҳангоми барканор ё бозхонди судя дар ҳолатҳои ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, асосан ба гирифтани пора даст задани онҳо ба кор бурда мешавад.Президенти Тоҷикистон ҳанӯз як моҳ пеш: 17 ноябри соли 2021 ба Маҷлиси миллӣ дар мавриди аз вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ бозхондани Эраҷ Ширинзода пешниҳод ироа карда буд.Эраҷ Ширинзода аз судяҳои собиқадор ба шумор рафта, дар гузашта чандин сол раиси додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ буд. 28 августи соли 2019 президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ширинзода мукофоти давлатӣ, медали “Хизмати шоиста” супурда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button