ТОҶИКИСТОН

МАДИНА МАМАДҶОНОВА БА ҲУШ НАОМАДА, ДАР БЕМОРИСТОН ҶОН ДОД (Видео)

Мадина Мамадҷонова, сокини 32-солаи Душанбе, ки баррасии парвандаи пурсарусадои азобу уқубати ӯ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз идома дорам, нимаи дуюми рӯзи 15 декабр дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (бемористони Қараболо) вафот кард. Мадина аз 25 август, дар тӯли қариб 4 моҳ дар инҷо дар ҳолати кома таҳти табобат қарор дошт, вале ба ҳуш наомада, тарки ин дунё кард.Ҳамагӣ як рӯз қабл аз марги Мадина– шоми 14 декабр Додгоҳи олии Тоҷикистон бо эълони нахустин ҳукм дар чорчӯби парвандаи ӯ марди ҳамзисташ Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва фарзанди Давлаталӣ Давлатзода, муовини собиқи Эмомалӣ Раҳмон дар раҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистонро ба 8 соли зиндон маҳкум кард, вале билофосила бар асоси қонуни афв, ҳукми ӯро то 5 солу 4 моҳи зиндон пойин овард. Парвиз Давлатов, тавре қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ба азобу уқубат айбдор мешуд. Вале додгоҳ ӯро ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва расондан ба ҳолати худкушӣ айбдор донистааст. Муҳокимаи парвандаи Азиза Давлатова, ҳамсари аввали Парвиз Давлатов ва гумонбаршавандаи асосӣ дар азобу уқубати маъшуқаи шавҳараш Мадина Мамадҷонова, дар Додгоҳи олӣ ҳанӯз идома дорад. Баъди марги Мадина айбномаи зидди Азиза Давлатоваро метавонанд ба айбномаи наву сангинтар иваз кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button