Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Занеро дар Суғд барои ташкили фоҳишахона боздошт кардаанд

Дар шаҳри Хуҷанд як зани 40 соларо бо гумони ташкили шабакаи фоҳишахонаҳо боздошт кардаанд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо нашри ин хабар мегӯяд, гумонбар даҳ ҳуҷараро дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд аз соҳибонаш ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкорияшро дар самти меҳмонхонадорӣ ба роҳ мондааст. Вале кормандони милитсия ошкор кардаанд, ки зери ниқоби меҳмонхона дар асл фоҳишахона ташкил шудааст.

Аз ҷумла, дар 3 ҳуҷра ҷуфтҳоеро берун овардаанд, ки барои вақтгузаронӣ аз 100 то 150 сомонӣ пардохт кардаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати боздоштшуда бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардидааст. Ин банди Кодекс барои «ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона» ҳамчунин «даллагӣ» ҷарима ва ё маҳрум намудан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button