ТОҶИКИСТОН

МАРГ…

Аз дунё рафтани ҳар инсоне барои ману Шумои чанд рӯзи дигар зиндамонда пандест, махсусан марги ҷавоне Ману Шумое, ки ҳоло маргро хело дур фикр карда, орзуву нақшаҳои зиёд дорем❗ Орзуи бузург дидани фарзандонро, хонондану хонадор кардани онҳорову баъд (шояд) маргеро барои худ, дар пирӣ…. Вале марг аз ману Шумо намепурсад, ки ҳоло ҷавонем, кӯдаконамон хурдсоланд, ҳамсаронамон бешавҳар мемонад, хонаамон нимсохта аст, волидайнамон зиндаанд, қарзҳоямон нододаанд, ваъдаҳоямон вафо накардем ва болотар аз ҳама тӯшае барои сафари Охират надоред Соате ба суроғамон меояд, ки ғофилгир мешавем Имрӯз дар ноҳияи Ёвон дар ҷанозае ҷавоне будам, ки 8 сол аз ман хурд буд Имшаб соҳиби ин хонаи навсохту нимсохт, ки ҳамагӣ 30 сол дошт, зери хоки сард аст То чанд рӯзи пеш намедонист, ки дар вуҷудаш бемориест, ки баъди чанд рӯз ӯро аз пой меафтонаду дигар ӯ аз волидайнаш, се фарзанди хурдсолаш, ҳамсари ҷавону хонаи навсохту нимсохташ барои ҳамешагӣ ҷудо мешавад Аллоҳ шаби аввали қабрро барои ин ҷавон осон бигардонад, Аллоҳ ин ҷавонро раҳмату шоистаи Ҷаннат намояд, Аллоҳ моро ҳидояту баъди ҳидоят гумроҳ насозад, Омин

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=4693118064142682&id=100003336043725&cft[0]=AZXPsenD2uWXogsBAcBHHKoXNdx-9n6eCM-mrbOxXy7HvEEUG5Gnv9DhAA2Bj3ZzoryxxxDw0G3d9tLZLPdtypierXa9L3p9whjLB2G7lIWWgRU0US1CBClg_V-fMEXi8wXbqbaMYOkJEdeFn0vJZ3mUX7JfJqzqol3Ng7uKFI9RgQ&tn=%2CO%2CP-R

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button