Дин ва боварҳо

ДАРГУЗАШТИ САРХАТИБИ НОҲИЯИ ҶОМӢ ҲОҶӢ ФАТҲУЛЛОҲ ЮСУФӢ

Ҳоҷӣ Фатҳуллоҳ Юсуфӣ, сархатиби масҷиди ҷомеи ба номи Салмони Форси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва фарзанди рӯҳонии маъруф Домулло Юсуфи Куйбешӣ, дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Фатҳуллоҳ Юсуфӣ аз сулолаи домуллоҳои дар ноҳияи собиқ Куйбишев (Куйбеш) муътабаре буд, ки бо номи “домуллоҳои гирдобӣ” маъруф буданд. Ин сулолаи мазҳабӣ ба гирудорҳои аввали солҳои 90 ҳамроҳ нашуд. Маросими намози ҷанозаи ин рӯҳонии муътабар рӯзи 9 декабр дар масҷиди деҳаи Гулободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button