Видео

НЕРӮИ ҚОНУН ТВ БАДАХШОН (Видео)

Мавқеъгирии зиддиқонунии ҳамватанони бадахшонӣ

Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводҳои кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш, бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз пистолети тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.
Сокинони Роштқалъа, шаҳри Хорух ва дигар манотиқи ВМКБ оид ба масъалаи мазкур вокуниши манфӣ нишон дода, ба бетартибиҳои оммавӣ даст зада, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатиро халалдор намуда истодаанд. Чунин амалкард ва мавқеъгирии сокинони Бадахшон зиддиқонунӣ арзёбӣ гардида, дастгирии як ҷинояткор ва гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ унвон мегардад. Зеро номбурда таҷовузгар, поймолкунандаи қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа шинохта мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки Зиёбеков Г.З, ки зиёда аз як сол мешавад таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад, чаро мақомоти дахлдор ҷиноятҳои ӯро пешгирӣ накарда, ӯро саривақт дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашиданд. Дар давраи кофтукоб Зиёбеков имкон дошт хатарҳои мудҳиш, таҷовузҳои ғайриинсонӣ ва амалҳои ваҳшатафканро нисбат ба мардум ва давлат анҷом медод. Аммо боиси хушҳолист, ки чунин рӯзи сиёҳ насиби мардум нагардиду ин ҷинояткори мудҳиш ва шадид дастгир гардида, фаъолияти зиддиқонуниаш ба анҷом расид.
Аз сокинони ВМКБ ва дигар ақшори ҷомеа талаб ва хоҳиш карда мешавад, ки пуштибонӣ аз ҷунин амалҳои зиддиқонунӣ ва ҷинояткоронро накунанд. Зеро чунин амал боиси боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ миёни сокинон ва насли наврас мегардад. Магар истиқоматкунандагони ВМКБ ояндаи неки фарзандон ва насли навраси худро намекунанд? Оё фарзандони хурдсолу бавоярасидаи онҳо аз чунин пуштибонии ҷинояткор чӣ гуна таъсир ва рӯҳия хоҳанд гирифт? Магар онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон оянда ҷинояткор шаванду чунин дастгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ намоянд?
Пас чӣ бояд кард. Он ҷинояткоре, ки имрӯз дастгириаш мекунанду бегуноҳаш мехонанд, магар шоиста аст? Албатта не. Оё амали инсонӣ ва ақлонӣ аст, ки аз пушти як ҷиноятпеша ҷони даҳҳо ва садҳо инсони бегуноҳу шаҳрвандони осоиштаро зери хатар қарор дод? Бадахшониҳо бо кадом ақлашон чунин мавқеъгирӣ мекунанд? Ба мисли сокинони ВМКБ имрӯз наздикони ҷабрдидаҳо ва кушташудаҳо аз дасти Зиёбеков ва дигар гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ метавонанд кӯчаву хиёбонҳои Бадахшонро пур кунанду ҷавоби чунин амалкарди онҳоро пурсанд. Аммо имрӯз дар кишвар сулҳ ва муттаҳидиву якдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буда ва волоияти қонун дар мадди аввал меистад. Аз ин лиҳоз ба саҳми ҳамватанони бадахшӣ расонида мешавад, ки аз чунин кирдори зиддиқонунии хеш даст кашанду сулҳҷӯиву инсондӯстӣ ва амнияту осоишро пешаи кору зиндагии худ қарор диҳанд, то ин ки ҳаёти осоишта ва хушбахтона насибу рӯзии худу наздиконашон бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button