ЯК ДУХТАР БАРОИ ФИРОР АЗ ТАҶОВУЗГАР ХУДРО АЗ ҚАБАТИ ЧОРУМ БА ЗАМИН ПАРТОФТ (ВИДЕО)

Шабакаи РЕН ТВ сабти видеоии лаҳзаеро нашр кард, ки шаби 7 декабр як духтар аз қабати чоруми бинои истиқоматӣ худро ба поён мепартояд, вале баъди чанд лаҳза як марди курткаи сурх дар тан поён фаромада, бо корд ба ин духтар ҳамла мекунад ва барои онки ба ӯ залал нарасонданд, шоҳидони дигарро аз саҳни ҳавлӣ бо таҳдид бо корд пеш мекунад. Вале сокинони бино зуд ба пулис ва “Ёрии таъҷилӣ” занг мезананд ва он мард қасди куштани духтарро то охир норасонда, аз онҷо фирор мекунад.Пулиси Маскав гуфт, ки ин марди соли таваллудаш 1993 алакай дастгир гардида ва ба гуноҳи худ эътироф кардааст. Мақомоти тафтишотӣ ба зидди ӯ бо иттиҳоми қасди куштор, таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд, чунки маълум шудааст, ки он духтари 20-солае, ки аз тирезаи қабати чорум худро ба замин ҳаво дод, пеш аз паридан мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Ҳамчунин маълум шуд, ки дар он манзил дар кӯчаи Шелепихинская набережная дар минтақаи Филёвский парк дар ғарби Маскав он мард дастони боз ду зани дигари 37 ва 22-соларо бо скотч баста, онҳоро ҳамчун гаравгон нигоҳ медошт.Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав исми боздоштшударо расман эълон накардаанд, вале матбуоти Русия хабар дод, ки он марди 28-сола зодаи Тоҷикистон Толибҷон Аминов аст. Интизор меравад, ӯро то поёни рӯзи 8 декабр ба додгоҳ эҳзор карда, барои ду моҳ ба ҳабс бигиранд.