ТОҶИКИСТОН

ЭЙ КОШ, НОНИ ХӮРДАН НАМЕДОШТАМУ БАЧАҲОЯМ ДАР БАРАМ МЕБУДАНД… ҚИССАИ ЗАНЕ, КИ БАЧААШРО ДАР РУСИЯ КУШТАНД (ВИДЕО)

Солеҳ аз созмони хайрияи “Пешрафт” | Saliheen, ки бо иқдомҳои хайри худ ва ҳангоми ироаи кумакҳои хайрия ҳамеша пинҳон кардани симои худаш ном баровардааст, ин бор бо худ як гов бо гӯсолаашро гирифта, ба Ҳисор рафт ва дари як оила аз деҳаи Ноҷии болои кӯфт. Зане, ки пеши онҳо баромад, нақл кард, ки як фарзандаш аз соли 2007 ба Русия рафту бедарак шуд, писари дигараш, ки паҳлавон буду дар мусобиқаҳои наврӯзӣ гуштин мегирифт, аз бемории мармузе тарки ин дунё кард, писари сеюмаш ба Русия рафту онҷо зан гирифт ва монд. Писари чоруми ин хонавода ҳам ба Русия рафт ва баъди азобҳои зиёде онҷо нав роҳи зиндагиашро ёфта буд, ки низ ба таври асроромез кушта шуд. Зан ҳамчунин қисса кард, ки ҳам худашу ҳам шавҳараш, ки як умр дар мақомоти милиса кор кардааст, аз ғаму дарди фарзандон бемор шуданд ва як пои шавҳарашро ба иллати бемории қанд ҳатто буриданд…Видео бо лаҳзае тамом мешавад, ки шавҳари ин занро рӯи аробачаи маъюбӣ мешинонанд ва зан ӯро рӯи ҳавлии хонаашон мегардонад. Мӯсафед ба Солеҳу ҳамроҳонаш барои ин кори хайре, ки карданд, дуо дод. Зан ҳам хеле онҳоро садқаву банда шуд, вале гуфт? “Ман ҳеҷ гоҳ аз нодорӣ шикоят надоштам. Фақат мегуфтам, бигзор нони хӯрдан надошта бошаму эй кош, ки фарзандонам дар барам бошанд…”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button