ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Шартҳои асосии зиёрати Макка дар соли 2022 номбар шудаанд

Зоирине, ки ба Ҳаҷ мераванд, бояд аз карантин гузашта, замимаи махсусро дар телефонҳояшон насб кунанд.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Зоирине, ки ба Арабистони Саудӣ, ба Макка барои зиёрати хонаи Худо мераванд, бояд аз карантин гузаранд, менависад РИА «Новости».Ба гуфтаи муовини раиси Идораи динии мусалмонони Русия, муфтии вилояти Маскав Рӯшан Аббясов, мусалмонон зарур аст, ки дар меҳмонхонаҳо низоми худҷудоиро риоя кунанд.“Пас аз расидан зиёраткунанда бояд дар меҳмонхона се рӯз аз карантин гузарад, аз ин рӯ зарур аст, барои ин муддат ҳуҷра иҷора гирифт ва дар як рӯз се вақт хӯрок фармоиш дод. Пас аз 48 соат, рӯзи сеюм аз санҷиши коронавирус мегузаред ва натиҷи агар манфӣ бошад, метавонед ба зиёрат равед”, — изҳор дошт Аббясов.Илова бар ин зоирин бояд замимаи (приложение) махсусро дар телефон кунанд, то вақти дақиқи зиёрати хонаи Худо ва сабти ном ба умраро аз тариқи он интихоб кунанд.

«Барои маросим се соат вақт дода шудааст, шумо метавонед вақтро интихоб кунед. Агар зорони аз ҳад зиёд барои як давраи муайян сабти ном шуда бошанд, интихоби вақти дигарро пешниҳод мекунанд», — шарҳ дод муфтӣ.Вай ҳамчунин афзуд, ҳоло маросими зиёратро метавон давоми як рӯз роҳат анҷом дод, зеро дар Макка шумори зоирон зиёд нест.Ёдовар мешавем, мақомоти Арабистони Саудӣ аз якуми январи соли 2022 вуруд ба Макка ва Мадина барои онҳоеро, ки ду вояи ваксинаи Sputnik V-и русиро гирифтаанд, иҷозат додааст.Ҳамзамон зоирин бояд аз ташхиси коронавирус ва аз карантини 48-соатӣ гузаранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button