ТОҶИКИСТОН

Садама: ронанда дар ҳолати мастӣ 4 узви як оила-зану шавҳар ва фарзандони хурдсоли онҳоро пахш намуд. Падар дар Беморхона ба ҳалокат расид (Видео)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи санҷиш оид ба наворе, ки шоми санаи 7 декбар дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, хабар медиҳад, ки ҳодисаи мазкур ҳамчун садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби гуруҳи оперативӣ-тафтишотии милитсияи пойтахт мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.Видеоплеер00:0000:11

   Тавре муайян гардид, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-200» аломати қайди давлатиаш 1414НН07 Гафаров Нуралӣ Ҳусайнович санаи таваллудаш 16.07.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Роҳи нав дар ҳолати сархушии баланд қарор дошта, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсӣ, аз самти кӯчаи Қосимова ба самти кӯчаи Борбад бо сабаби баланд будани суръати автомашина аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, нахуст бо қисмати қафои автомашина ба деворчаи бетонии байни роҳ бархурда, сипас 4 нафар пиёдагардонро пахш намудааст.
   Дар натиҷаи садама ҳамаи 4 нафар пиёдагардон сокинони пойтахт, ки аъзои як оила (марди 39 бо ҳамсари 33 солааш ва 2 нафар фарзандони хурдсоли 8 ва 3 сола) будаанд, ҷароҳатҳои гуногун дар намуди шикасти устухони қисмҳои гуногуни бадан гирифта, дар Беморхона бистарӣ карда шудаанд. Аммо, мутаасифона санаи 8 декбар бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш яке аз онҳо падари хонадон – марди 39 сола Абдухолиқов Ҷамшед Файзалиевич дар Беморхона ба ҳалокат расид.


   Ронанда Гафаров Нуралӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши садама идома дорад.

   Мавриди зикр аст, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагии мақомоти милитсия оиди дар ҳолати сархушӣ идора накардани воситаи нақлиёт, ки ба оқибатҳои фоҷиаовар оварда мерасонад, баъзе ронандагон сарфи назар намуда, сабабгори фоҷиаҳои талхи зиндагӣ – садамаҳои марговари роҳу нақлиётӣ мешаванд.
   Тавре аз омори расмӣ бармеояд, давоми 11 моҳи соли равон 4 садама бо айби ронандагони дар ҳолати мастӣ қарордошта рух додааст, ки дар натиҷа 7 нафар ҳалок ва 8 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин давра аз ҷониби нозирони роҳи Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 358 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандагон дар ҳудуди пойтахт ошкору ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст.
   Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз, ё ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18 000 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъйин карда мешавад.

http://dushanbepolice.tj/wp-content/uploads/2021/12/video-1638934206.mp4?_=1

ИҚТИБОС АЗ КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 332. Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ

Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад,
– ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button