АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Толибон аз СММ талаби курсӣ доранд: «Ҳақ дорем»

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Толибон аз Маҷмаи умумии Созмони Милал хостанд, тасмим дар бораи сарпечӣ аз додани ҷойи Афғонистон ба ҳукумати ин кишвар дар ин созмонро бознигарӣ кунад.

«Ба нафаре, ки ҳукумат ва мардуми Афғонистонро намояндагӣ намекунад, додани курсӣ дар Созмони Милали Муттаҳид беинсофӣ аст», — гуфт муовини сухангӯи ин ҷунбиш Инъомулло Самангонӣ дар саҳифаи «Твиттер»-и худ.Ба гуфтаи ӯ, ин макон ҳаққи ҳукумату мардуми Афғонистон аст ва ин ҳақро бояд ҳифз кард.»СММ бояд аз рӯи ақл кор кунад ва онро бори дигар ба таври ҷиддӣ баррасӣ намояд», — гуфт сухангӯи толибон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button