ТОҶИКИСТОН

Ҷаримабандии 4-маъмури марказҳои компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон

 Бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ ва сар задании ҳодисаҳои номатлуб кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои санҷиширо роҳандозӣ намуда, ҳамзамон маъмурон ва соҳибмулкони интернет-кафеҳо ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон ба таври расмӣ огоҳонида мешаванд.

   Вале, мушоҳида ва натиҷаи рейдҳои санҷишӣ нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе аз соҳибмулкони маркази бозиҳои компютерӣ танҳо бо мақсади ба даст овардани маблағ монеъи воридшавии ноболиғон нагардида, наврасонро ба интернет-кафе роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа ноболиғон вақти пурқиммати худро ба амалу кирдори ношоям сипарӣ мекунанд.
  Аз ҷумла, ҳафтаи сипаришуда дар натиҷаи гузаронидани як қатор корҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки дар 4 нуқтаи интернет-кафе наврасон саргарми бозиҳои дорои хусусияти зуроваридоштаи компютерӣ ҳастанд.
  Гарчанде маъмурони марказҳои компютерии зерин шаҳрвандон:
Одинаев Бахтиёр Алишерович санаи таваллудаш 10.08.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Амиршоев;


Ҷумаев Афзалшоҳ Сайфуллоевич санаи таваллудаш 24.11.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бадахшон;


Мирзораҳимов Азимҷон Абдуҷалолович санаи таваллудаш 01.02.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нодира;


Раҳимов Хушбахтҷон Комилович санаи таваллудаш 26.04.1999, истиқоматкунандаиш шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев;


расман огоҳонида шуда бошанд ҳам хилофи қонунгузорӣ амал намуда, ба ноболиғон иҷозаи воридшавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютериро додаанд.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати ҳар чаҳор соҳибмулкони марказҳои компютерӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 4-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд. Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои такрорӣ дар марказҳои компютерии бозикршуда маъмурони онҳоро ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ то 15 шабонаруз интизор аст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button