ҲУКМИ ДОДГОҲ БАРОМАД: ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО АЗ РУСИЯ БЕРУН МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Останкинои шаҳри Маскав рӯзи 6 декабр ҳукми маҷбуран аз Русия берун кардан (выдворение)-и размандаи маъруфи ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон Чоршанбе Чоршанбиевро баровард. Додгоҳ варзишгари зодаи Бадахшонро бар асоси қсими 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор шинохт ва 5 ҳазор рубл ҷарима ҳам баст.Бо қарори додгоҳ, Чоршанбе Чоршанбиевро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то марзи Русия бурда, маҷбуран аз қаламрави ин кишвар берун кунанд. То замони иҷрои ин ҳукм, яъне то берун карданаш аз Русия, Чоршанбе Чоршанбиевро дар боздоштгоҳи муҳоҷирони рӯ ба ихроҷ (спетсприёмник) нигоҳ хоҳанд дошт.Дар сабти видеоӣ аз додгоҳи Останкино дида мешавад, ки Чоршанбе Чоршанбиев ҳукми аз Русия берун карданашро бо сари баланд қабул кард ва ба қавли маъруф, ҳатто мижааш хам нахӯрд.