ТОҶИКИСТОН

НИГОРА ЧАРО КӮДАКИ НАВЗОДРО ДУЗДИД? ТАФСИЛОТИ ҚАЗИЯИ ГӮШНОШУНИДИ КӮДАКРАБОӢ

Маълум мешавад, Ахмедова Нигора ба сабаби дер боз кӯдакдор нашуданаш ба хотири аз таънаи атрофиён раҳидан даст ба ин кор задааст.Бино ба иттилои дарёфтӣ, Нигора Ахмедова чанд моҳ боз худро ҳомила вонамуд мекардааст ва барои ин гӯё ба шикамаш болишт мечаспондааст, ки ба ҳомила буданаш бовар кунанд.Нигора Ахмедоваро, бино ба иттилои дарёфтӣ, бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ ва бо кумаки ронандаи таксие, ки ӯро ба ин шифохона оварду боз аз ин ҷо бурд, пайдо кардаанд. Ронандаи такси гуфтааст, ки ӯ ҳам он рӯз ба ҳайрат афтод, чунки як зани ҳомилаи шикамаш дамро ба шифохона овард, вале баъди чанде аз онҷо ин зан бидуни ягон аломати ҳомилагӣ, вале як кӯдак дар даст берун омад ва боз ба таксии ӯ нишаст.Нигора Ахмедова он кӯдакро худам нав таваллуд кардам гуфта, ба хонааш ба Ҳисор бурдааст ва ба шавҳараш, ки дар Русия дар мардикорӣ қарор дорад, низ занг зада, хушхабар расондааст, ки “бубин, чӣ кӯдаки зебое бароят ба дунё овардам!”Мардум аз асли воқеа танҳо вақте хабардор шуд, ки кормандони милиса субҳи 1 декабр омада, ба дастони Нигора Ахмедова завлона зада, ӯро бурданд ва кӯдакро ба модараш супурданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button