МУҲОҶИРОН

ҲАЛОКАТИ ҶАВОНЗАНИ ТОҶИК ДАР ИСТАМБУЛ

Илтимос поделится кунед то соҳибони марҳум пайдо шаванд ва ҷасадро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд менависад корбари фейсбук Sahnoz Sahnoz Kadınadair Gazete хабаргузории туркӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 1-уми декабри соли 2021 як ҷавонзани тоҷик Малоҳат Раҳимова соли таваллудаш 1990 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул ноҳияи Эсенюрт маҳаллаи Қироч, кӯчаи истиқлол бар асари тӯфони шадид ва ба роҳрав сарозер шудани боми хонаи истиқоматӣ дар зери он монда ба ҳалокат расидааст. Хабаргузории туркӣ менависад, ки ин ҳодисаи нохушро дурбинҳои амнияти ин маҳал сабт кардаанд ва дар он дида мешавад, ки лаҳзаҳои охирин марҳум боми сарозер шударо мебинад ва кушиши худро наҷот додан мекунад, аммо гурехта наметавонад ва дар зери бом монда ба ҳалокат мерасад.Ин хабарро корбарони фейсбуки муқими Истамбул Мавлуда Камолова ва Yasmina Yasmina, Sahnoz Sahnoz бо гузоштани акси марҳум дар интернет тасдиқ мекунанд. Мавлуда Камолова менависад, ки «Мо ба аъзои оилаи Малоҳат Раҳимова, ки дар шаҳри Истамбул дар ноҳияи Эсенюрт фавтидаанд, изҳори ҳамдардии амиқ мегӯем 01.12.2021.Офаридгор бар марҳум раҳм кунад, гуноҳҳояшро пок гардонад ва ба наздиконашон сабри ҷамил ато фармояд ва барои таҳаммули ин талафот қувват ато кунад. Аллоҳ раҳмат кунад, Омин! 😢🙏«Yasmina YasminaАсалому алекум ба аҳли фейсбук як эълони нохуши ҳамин духтарак Аллаҳ раҳматаш кунад аз дунё гузаштааст. Агар ягон кас мешуносад ба аҳлу оилаашон хабар тиян! Аллоҳ раҳматаш кунад омин.Sahnoz SahnozАсалом илтимоссссс ҳамин духтарака ягон кас мешиносад?! Ин духтарак аз дунё гузаштааст хонашон фиристодан лозим лекин адресаша намеебем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button