Умумӣ

Навси баъд балои ҷон ҳабси ду ронандаи мусофиркашон: муноқиша барои “аввалу пештар гирифтани мусофирон”

Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати ба танзим даровардани нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ҳануз ҳам дар ин самт баъзе камбудиҳо дида мешавад, ки зимни корбарӣ ва андешидани чораҳои мушаххаси ҳуқуқӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ошкору муайян ва бартараф карда мешаванд.
  Чунончӣ, ҳафтаи ҷорӣ низ як кирдори зиддиҳуқуқии ронандагони нақлиёти мусофиркашон ошкору муайян ва вайронкунандагони тартибот ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шудан.
   Аз ҷумла, санаи 1-уми декабри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 6.50 дақиқа дар хиёбони Рудакӣ, назди бинои 160 ду нафар ронандагони нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ байни ҳам муноқиша намуда, бо овози баланд доду фиғон ва шаъну шарафи ҳамдигарро бо дашномҳои қабеҳ паст зада, осудагии шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
   Дар натиҷа ҳарду ронандагон дар ҷои ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуд, ки инҳо:

Амиршоев Маҳмадзокир Маҳмадраҳимович санаи таваллудаш 22.10.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саҳбо, ронандаи хатсайри 67;

Шамсиддинов Ҷаҳонгир Насриддинович санаи таваллудаш 5.12.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Амиршоев, донишҷӯи соли 4-уми Факултаи тиббӣ-ветеренарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ронандаи нақлиёти мусофиркашони тамғаи Старекс мебошанд.


    Зимни санҷиш ва пурсиши номбурдагон муайян гардид, ки ҳарду дастгиршудагон ҳангоми қарордошт дар нуктаи охирини хатсайри 67 бо сабаби «кӣ аввалу пештар мусофиронро мегирад?» байни ҳамдигар муноқиша намуда, бо озори лафзии ҳамдигар тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
   Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳарду ронадагони нақлиёти ҷамъиятӣ Амиршоев Маҳмадзокир ва Шамсиддинов Ҷаҳонгир тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button