ТОҶИКИСТОНХабарҳо

Аз рафти озмун: ҷаримабандии ронанда барои таваққуф дар истгоҳи нақлиёти мусофиркашон

Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота камрӣ» аломати қайди давлтиаш 0111ND01, ки дар дохили истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ гузоштааст, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашина чораи қонунӣ андешида шавад.


  Зимни баррасии қоидавайронкунӣ муайян карда шуд, ки ронанда Умаров Зиёдулло Давлатшоевич санаи таваллудаш 27.02.1987 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ буда, бинобар вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбаташ дар асоси моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва барои минбаъд содир накардани чунин кирдори зиддиҳуқуқӣ огоҳонида шуд.


  Муҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед. Муҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button