ТОҶИКИСТОН

Ошкор шудани ду ҳолати қаллобӣ

Нисбати зани 27-солаи сокини ноҳияи Истаравшан парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, моҳи июни соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи тиҷорат 100 ҳазор сомонӣ ва 19 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Ҳамзамон марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, дар давоми соли 2019 то моҳи январи соли 2021 якчанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ бо баҳонаи саршумори зиёд намудани чорво 3 ҳазору 136-сар чорвои майдаи шохдорро гирифта, ба манфати шахсиаш сарф намудааст.
Дар натиҷа, ба номбурда ба маблағи 4 миллиону 704 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button