СиёсатТОҶИКИСТОН

Майдон холӣ шуд, аз ин пас чӣ мешавад?

Бино бар маълумоти расонаҳо ва блогерҳо , сокинони майдоннишин дар шаҳри Хоруғ пас аз музокирот бо мақомот ба эътирози чоррӯзаи худ поён доданд ва майдони назди ҳукумати вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тарк карданд.

Мақомот сари ин масъала ҳанӯз чизе нагуфтаанд.
Нисфирӯзии 28-уми ноябр пас аз нимрӯзи музокираи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо намояндагони ҳукумат вазъ дар Хоруғ ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст.

Як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ин музокирот иштирок дошт, гуфтааст, пас аз музокираи 10 соата мақомот талаби ҷомеаи шаҳрвандиро қабул кард. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ваъда доданд, афроде, ки дар майдон эътироз карданд, таъқиб намешаванд ва кормандони мақомоти интизомие, ки дар марги Гулбиддин Зиёбеков даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Посгоҳҳои изофӣ аз шаҳри Хоруғ бардошта мешаванд ва интернет дубора дастрас мешавад.
Сокинони Хоруғ гуфта буданд, ки се посгоҳи изофӣ дар назди бозор ва беморхонаи Хоруғ нисфирӯзии 28-уми ноябр бардошта шуда буданд.
Ҳамчунин мақомот ваъда карданд, ки марги се нафар дар ҳодисаи ахир ба таври шаффоф таҳқиқ мешавад. Ӯ гуфт, ки 44 нафар аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ раванди тафтишотро назорат хоҳанд кард. “Мақомот ваъда доданд, ки бо мӯътадил шудани вазъ давоми ду рӯзи оянда дастраси ба интернет дар вилоят таъмин хоҳад шуд.”,—гуфт ӯ.
Мардум кӯчаҳоро аз резинҳои шабона сӯхта тоза кардаанд ва аксаран ба хонаҳояшон баргаштанд.
Эътирози сокинон дар Хоруғ чор рӯз пеш ба сабаби кушта шудани як сокини Роштқалъа дар пайи амалиёти боздошти ӯ оғоз шуда буд. Мақомот Гулбиддин Зиёбековро гумонбар дар ҷиноят медонанд ва мегӯянд, ӯ ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон дод. Ҳоло мақомот ваъдаи тафтиши одилонаи қазияро додаанд.

Майдон холӣ шуд, аз ин пас чӣ мешавад?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button