Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК АФСАРИ МИЛИСА ДАР НОҲИЯИ ШОҲИН 10 ҲAЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 22 ноябр аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи Умед Комилов, як афсари милисаи ноҳияи Ш.Шоҳин (собиқи Шӯрообод) дар ҷануби кишвар хабар дод. Умед Комилов, ҳамакнун собиқ ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин ба гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дар ивази ваъдаи пӯшондани як ҷиноят айбдор мешавад. Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия бидуни ироаи ҷузъиёти зиёд дар шарҳи ин парванда гуфт: “Комилов Умед Одинаевич дар вазифаи ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин кор карда истода, дар давоми фаъолияти корияш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гуё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10 000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button