Фарҳанг

Хусурам занакчаю шавҳарам латта, арзу додамро ба кӣ гӯям?

Бо шавҳарам якдигарро дӯст дошта, оила бунёд намудем. Соҳиби се фарзанди дӯстрӯ ҳастем. Шавҳарам корхонаи шахсӣ дораду бо тиҷорат машғул аст. Азбаски хусуру хушдоманам дигар писар надоранд, ману шавҳарам умре бояд падару модарашро нигоҳубин намоем. Фарух ҷавони оромтабиат, падараш бошад, марди асабониву зудранҷ ва хӯрдагир аст. Хушдоманам ба корҳоям дахолат намекунанд, вале хусурам ба ҳама кор бинӣ халонда ҷонамро ба лабам мерасонад. Шавҳарам аз тарси падараш ба ману бачаҳоямон пинҳонӣ либос мехарад. Ҳар дафъае, ки дар хонаамон гӯшт тамом шавад, хусурам хонаро ба сараш мебардорад, ки ман гӯштро сарфа намекунам. Чанд маротиба аз пушти дар ғайбаткунии хусурамро шунида, бо шавҳарам даст ба гиребон шудам, вале шӯйи латтаи ман чизе намегӯяд. Кӯдаконам дар хонаи худашон бемалол гашта наметавонанд, дар сари ҳар қадам доду войи бобояшон баланд шуда, асабамро вайрон мекунад. Худо накарда шавҳарам маро ба ягон ҷо ба меҳмонӣ ё мағозаву бозор барад, қиёмат қоим мешавад. Хусурам писарашро занкалон номида ҷонбезор мекунад. Рӯзи дароз аз пайи ободонии хонаи калони онҳо саг барин медавам, вале хусуру хушдоманам маро дар ҳама ҷо танбалу коргурез гуфта овоза кардаанд. Рӯзе шавҳарам як гӯсфандро кушта нони худоӣ дод. Меҳмонон зиёд буданд, хӯроки бисёр пухтам. Пагоҳаш хусурам ба ошхона даромада воҳима бардошт, ки гӯё ман гӯштро ба хонаи модарам фиристода бошам. Аз ин туҳмати марди сарсафед хун дар рагҳоям ях баст ва қаҳр карда, кӯдаконамро гирифта ба хонаи падару модарам омадам. Фарух фарзандонашро аз ҷонаш бештар дӯст медорад, аз ин лиҳоз дар як рӯз се маротиба ба хонаамон омада, мехоҳад маро бубарад, лекин ман қасам хӯрдаам, ки ба он ғурбатхона дигар поямро намегузорам. Падару модарам ҳар рӯз насиҳат мекунанд, ки девонагӣ накарда ба хонаи шавҳарам баргардам, чунки хусуру хушдманам пир шудаанду як умр сутуни ин дунё шуда намемонанд. Мегӯянд, ки бо чор фарзанд дигар ягон мард туро ба занӣ намегирад. Талабгор пайдо шавад ҳам, ягон мӯйсафеди пири фартут ё ягон марди занмурдаи бе хонаву дар ва бе гӯру кафан туро хостгорӣ мекунад, барои ҳамин аҳмақ2ӣ карда, хонаи бахтатро б дасти худат вайрон накун. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Парвина, ш. Душанбе подробнее тдж: https://oila.tj/news/khusuram-zanakchayu-shavaram-latta-arzu-dodamro-ba-k-gyam

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button