МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Маълум шуд, кай ба муҳоҷирон ID-кортҳои электронӣ медиҳанд

Аз 29 декабри соли 2021 ба ҳамаи муҳоҷирон корт бо чипи изи ангушт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар Русия ба ҳамаи муҳоҷирони корӣ ва хориҷие, ки барои беш аз се моҳ ба ин кишвар омадаанд, ID-картҳои электронӣ дода мешаванд, хабар медиҳад ТАСС.Фармони дахлдорро аллакай Владимир Колоколтсев-раиси Вазорати корҳои дохилии Русия имзо кардааст.Ин амалиёт аз 29 декабри соли 2021 роҳандозӣ мегардад. Ба муҳоҷирони корӣ ва хориҷие, ки ба муддати беш аз 90 рӯз ба кишвар меоянд, ҳуҷҷат дода мешавад.Онҳо маълумот дар бораи гузариши ҳатмии изи ангушт ва аксбардориро дар бар мегиранд. Кортҳои электронӣ дар шакли корти пластикии оддӣ хоҳанд буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button