Хабарҳо

ХОҲИШИ БАРОН АЗ ҲАМА: БИЁЕД, ДИГАР БА АБДУРОЗИҚ НАРАСЕД! ТАВОНЕД, КУМАКАШ КУНЕД! (ВИДЕО)

Барон (Беҳрӯзи Шариф), раҳбари канали “Авлод Медиа” ва продюсери ҳамкнун собиқи Абдурозиқ рӯзи 20 ноябр дар як паёми кӯтоҳи видеоӣ аз ҳама хост, ки ба ин баҳсҳои хеле доғшуда дар атрофи моҷарои байни ӯву Абдурозиқ нуқтаи тамматгузоранд.“Бародарони ҷон, биёед, дигар бас кунед! Барои онки аз ҳад зиёд шуд ва ман худам зиқ шуда истодаам, ки ҳамон додарро ҳама ин қадар танқид карда истодаанд. Биёед, бародарон, агар тавонем, дастгирӣ кунем, натавонем, нарасем ҳамон додарро!” – гуфт Барон дар ин паёми видеоӣ.Барон шаби 17 ноябр бо нашри як видеои 43-дақиқагӣ эълон кард, ки “аз ҳамин рӯз иборатан Абдурозиқ дигар бо мо нест, ӯ ба бародарони тоҷикаш хиёнат кард.” Барон гуфт, Абдурозиқ ва падараш ба ваъдаҳои осмонии арабҳо, аз ҷумла Ясмин ном зане фирефта шудаанд, ки гуфтаанд, барои Абдурозиқ дар Дубай хона мехаранд.Абдурозиқ дар посух бо нашри чанд видео Барон ва “Авлод Медиа”-ро ба тахаллуф дар муомилоти пулӣ гунаҳкор кард ва гуфт, дар ин 3 соле, ки бо Барон буд, ба вай ҳамагӣ як фоизи даромаде, ки ба даст меоварданд, мерасид.Моҷарои байни Абдурозиқ ва Барон ҷомиаро чанд тақсим кард. Гуруҳе Баронро мазаммат мекарданд, ки шогирдаш паррончак шудааст ва бояд ба ӯ фотиҳа медоду корро чунин ба ҷанҷол намекашонд. Гуруҳи дигар аз Абдурозиқ интиқод мекарданд, ки ба намакдон туф кард ва бо чунин шеваи рафтор баракат намеёбад. Аммо равшанфикрони тоҷикро ин чиз ба ҳолати шок андохт, ки мардум барои инки моҷарои байни Барон ва Абдурозиқ ба куҷо мерасад, бештар изҳори ташвиш мекарданду ғам мехӯрданд, то ба сарнавишти сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддини Айнӣ. Қарори маълум, дар ҳамин шабу рӯзи авҷи ҷанҷоли Барону шогирдаш масъалаи кӯчондани осорхонаи Айнӣ ҳам дар байн уфтода буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button