Ҳуқуқи инсон

Қирғизистон қабули то 3000 гурезаи афғонро тамрин мекунад

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон иттилоъ додааст, ки дар ин кишвар санҷиши қабул, ҷойгиркунӣ ва таъмини ҳамаҷонибаи гурезаҳо бо маводи лозимӣ оғоз шудааст.

Ба огаҳии вазорат, низоми давлатии ҳимояти шаҳрвандони Қирғизистон қабули беш аз 3 ҳазор гурезаро тамрин мекунад.

Озмоиш рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябри имсол баргузор ва дар вилоятҳои Уш, Ҷалолобод ва Бодканди Қирғизистон хаймаҳо насб карда шуданд. Шеваҳои қабул ва ҳамроҳии гурезаҳо, бо шумули раванди бақайдгирӣ ва риояи расмиёти дахлдор намоиш дода шуд.

Жипара Мамбетова, як масъули Вазорати тандурустии Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин кишвар метавонад то 1200 гурезаи қирғизтабори Афғонистонро қабул кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button