Хабарҳо

Муроҷиати ба вазифа фуруш Наҳзати Бобоев Абдусаттор бародар модар аз дасти ту мурд биё мон гапҳои зиётиро (Видео)

Хиёнати Абдусаттор БобоевХиёнат бар ватану модар кардан ва боз забондарозиву худситоӣ кори дасти пасттарин одамон мебошад. Аъзои гурӯҳи ифротии наҳзатӣ аз ҷумлаи чунин афрод ҳастанд. Онҳо якояки ҷиноёти худро ёдоварӣ карда, дар ҷойи номи худ номи инсонҳои бегуноҳро мегузоранд ва дар фазои беҳудуди маҷозӣ паҳн месозанд. Барои ин кор ҳатто беҳунартарин узви худро истифода мебаранд, ки ба ҷуз дашном ва таҳқиру туҳмат коре аз дасташон намеояд.Яке аз чунин хиёнаткорону бешарафони наҳзатӣ Абдусаттор Бобоев ном дорад, ки сафсатаҳои худро дар шакли видео дар шабакаи “youtube” паҳн месозад. Бешарафиву бевиҷдонии ин узви ифротиёни наҳзатӣ то ҷойе расидааст, ки акнун ҳама ҷиноятҳои дар замони ҷанги шаҳрвандӣ кардаи наҳзатиёнро бори дигарон кардан мехоҳад. Чанд вақти ахир ин бешараф як-як ҳуҷҷатҳои видеоӣ, тасвирӣ ва хаттиро гирифта, ба ҷойи номи худу ҳамсафонаш номи инсонҳои бегуноҳеро, ки аслан дар он амалиётҳои ҷангӣ иштирок накардаанд, мегузоранд. Бо як садои дағал ва бешармии ба худ хос одамкӯшӣ ва ватанфурӯшиҳои худро аъмоли дигарон меномад. Маълум аст, ки агар хоҷагонашон фармони аз ин ҳам бешарафона диҳанд, ин бадбахтҳо омодаи иҷрои он ҳастанд.Дар баробари дигар ифротиҳои ҳамсафаш Абдусаттор Бобоеви бешараф масъалаи омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандиро баррасӣ карда, онро аз дӯши худу наҳзатиёни ифротии дигар бардоштан мехоҳад. Онҳо медонанд, ки сабабгори ин ҷанг худашон буданд ва халқи тоҷик барои ин корашон онҳоро ҳаргиз намебахшад. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ин гуноҳашонро бар сари дигарон бор кунанд ва нафрати мардумро аз худ дур кунанд. Барои расидан ба ин мақсад аст, ки аз ҳаводиси ин давра мегӯянду менависанд ва касони бегуноҳро омили сар задани он ҷиноятҳо муаррифӣ мекунанд. Албатта, ин кӯшишҳояшон натиҷае нахоҳад дошт. Чунки ҳама далелҳоро мардум дар даст дорад ва аксари мардум шоҳиди зиндаи он ҷанг ҳастанд ва бо чашмони худ дидданд, ки кӣ пайвандони онҳоро кушту овора кард ва кӣ ҷони онҳоро наҷот доду аз ғарибиву оворагӣ ба хонаашон бозгардонд. Мардум мутмаин аст, ки дар ҷангу сулҳ Абдусаттор Бобоев ва дигар наҳзатиҳои ифротӣ ҷонибдори ҷанг буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Кӯшишҳои ба роҳ мондани амалҳои алоҳидаи террористӣ ба монанди қатли сайёҳони хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 далели ин буда метавонад.Хиёнаткориву бозичаи дасти дигарон будани гурӯҳи ифротии худро низ ба дӯши дигарон бор карданӣ ҳаст. Намояндагони мардумро, ки дар он давра ҷони худро дар хатар гузошта манфиати халқро ҳимоя мекарданд, хиёнаткору муздури бегонагон номида, худро, ки сабабгори асосии ҷангу хунрезӣ буд, бетараф нишон додан мехоҳад. Ҳама ҷиноёти худро мехоҳад бори дӯши намояндагони содиқи халқи шарафманди тоҷик кунанд, ки яқинан кори ношуданист.Дар умум ин навори пахшкардаи наҳзатии ҷинояткор Абдусаттор Бобоев низ ҳамон иттиҳомоти дурӯғини обшустаи наҳзатиён буда, дар он ҷиноёти худро ба дӯши инсонҳои бегуноҳу шарафманд бор кардан мехоҳад. Аммо тақрибан ду чизро метавон омили ин бешарафӣ номид. Аввал ин ки ин ифротиён ақли худро комилан аз даст дода, чунин кӯшишҳои бебарорро такрор ба такрор ба роҳ мемонанд. Баъдан шояд хоҷагонашон барои санҷидани садоқати ин гурӯҳи муздур ба онҳо чунин супоришҳои пасткунандаи шаъну шарафро дода, мебинанд, ки ин муздурон то куҷо ғуломии худро иҷро карда метавонанд. Дар ҳарду сурат ҳам рӯйи наҳзатиҳои ифротӣ сияҳ шудааст ва ин хиёнаткорони бешараф ҳаргиз ба ҳадафҳои шумашон нахоҳанд расид.Хуршеди Мурод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button