Умумӣ

Ҳушёр бошед! Телефондуздӣ дар Душанбе авҷ мегирад

Қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон накунам гуфта, кӯдак дар бағал бо роҳи зеризаминӣ ба тарафи дигари роҳ гузаштанӣ шудам. Поямро нав ба гузаргоҳи зеризаминӣ (подземка) гузошта будам, ки як ҷавони баландболои бо китфу бозу низ думболам равон шуд. Гумон кардам, ки мисли ман бо роҳи бехатар гузаштанист, вале ҳамин, ки ба поён фаромадем, ҷавон бо як чолокии махсус, мисли калхот чанд зада, телефонамро аз дастам гирифту рӯ ба гурез ниҳод. Аввал худро гум кардам, баъд доду фарёд задам, ки “дуздро доред, дуздро доред”, аммо касеро на парвои доду фиғони ман буд ва на парвои телефони ба ғорат рафтаам… Рӯзи 6-уми ноябр бо мақсади аз банкомати Алиф аз корти худ пул гирифтан ба маҳаллаи 82 роҳсипор гаштам. Ҳаво торик ва мошинҳо чунон бисёр буданд, ки ногуфтанӣ. Азбаски духтарчаи дусолаам ҳамроҳам буд, аз роҳи бехатар гузаштанӣ шуда, ҷониби гузаргоҳи зеризаминӣ равон шудам. Як ҷавони қоматбаланди бо китфу бозу низ аз паси ман ба гузаргоҳ равон шуд. Гумон кардам, ки мисли ман аз роҳи бехатар гузаштанист. Дар гузаргоҳ камераҳои назоратӣ васл шуда буданд ва дилпур будам, ки ягон ҳодисаи нохуш рӯй намедиҳад, вале хаёлам хом баромад. Вақте ба поён фаромадем, ҷавон бо як чолокии тасаввурнопазир, мисли калхот чанд зада телефонро аз дастам гирифт ва рӯ ба гурез ниҳод. Фарёд задам, дод гуфам, имдод пурсидам, лекин касе ба додам нарасид. Аз паи дузд давиданӣ шудам, аммо духтарчаам сахт тарсида ба гиря даромад. Духтарчаамро дар гузаргоҳ партофта, думболи дузд давида наметавонистам. Кӯдакро бағал карда аз гузаргоҳ баромадам ва дуздро ҷӯё шудам, аммо аз ҷавони ғоратгар аллакай осоре набуд. Маҷбур шудам, ки ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Сино муроҷиат намоям. Онҳо аризаи маро қабул карда, дар ҷустуҷӯи ҷинояткор ҳастанд, вале рстӣ ба пайдо шудани телефонам чандон боварӣ надорам,-мегӯяд яке аз кормандони сомонаи Оила. ТЧ, ки ҳафтаи гузашта телефонаш ба яғмо рафта буд ва илова мекунад, ки ҳамон рӯз дар бозгашт дар микроавтобуси №46 шоҳиди гуфтугуи чанд нафари дигар шудааст, ки телефонҳояшонро дуздида буданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ду-се рӯзи охир якбора телефони мобилии чаҳор корманди ЧДММ “Оила”-ро шахсони номаълум дуздиданд. Таъкид карданием, ки яке аз тедефондуздон ҳатто соҳиби телефонро, ки ҷинси латиф-зан мебошад, лату кӯб кардааст. Аз ҳамин хотир мо аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш мекунем, ки ҳангоми нишастан ба нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳамчунин дар кӯчаву бозор ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ пул, сумка, телефон ва дигар ашёҳои қимматбаҳои худро эҳтиёт намоянд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button