Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Фишор ба озодии баён дар Узбекистон баъди интихоботи президентӣ афзудааст

Дар як рӯз ҳадди ақал се блогнависро дар Узбекистон барои бозпурсӣ ба мақомоти амниятӣ даъват кардаанд. Фишор ба блогнависони маҳаллӣ ба рӯзҳое рост омад, ки рӯзноманигори лаҳистонӣ Агнешка Пикулитскиро иҷоза надоданд, вориди Узбекистон шавад.

Созмонҳои байналхалқӣ ва коршиносони бахши расонаҳо мегӯянд, фишор ба блогнависон ва ихроҷи рӯзноманигорони хориҷӣ «ислоҳот»-и эъломнамудаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро зери шубҳа мегузорад.

Фаррух Самарқандӣ, блогнавис аз Самарқанд гуфт, ӯро барои як навиштааш дар «Фейсбук» рӯзи 9-уми ноябр ба бозпурсӣ даъват ва маҷбур кардаанд, ки навиштаашро пок кунад.

Ҳамон рӯз Фарҳод Норбутаев, блогнависи дигари узбекистонӣ хабар дод, ки ӯро ҳам бозпурсӣ кардаанд. «Касе аз болои ман шикоят кардааст. Ман барои як навиштаам дар Телеграм дар бораи фасодкорӣ дар боғчаи кӯдакон бозпурсӣ шудам», — навишт Норбутаев рӯзи 9-уми ноябр дар «Фейсбук».

Ин дар ҳолест, ки дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон душвортар ва ҷазо барои таҳқири президент дар интернет сангинтар мешавад.

Бино ба тағйирот ба қонунгузории Узбекистон, барои таҳқири президент дар интернет то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button