МУҲОҶИРОН

МУСОДИРАИ 228 КИЛО НОС АЗ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ КАЛИНИНГРАД

Хадамоти матбуоти гумруки вилояти Калининград, як ҷазирақаламрави воқеъ дар ғарби Русия, хабар дод, ки тайи 10 моҳи аввали соли 2021 дар фурудгоҳи “Храброво”-и шаҳри Калининград аз шаҳрвандони Тоҷикистон 228 кило нос, як навъ тамокуи роиҷ дар Осиёи Марказӣ, ёфт ва мусодира карда шудааст. Танҳо дар ду моҳи охир дар фурудгоҳи Храброво аз мусофирони тоҷик 73 кило нос мусодира кардаанд. “Шаҳрвандони Тоҷикистон пайваста қоидаҳои гумрукиро вайрон карда, кӯшиш мекунанд, ки дар ҷомадон ё бағочи дастиашон ин тамокуи бӯяш махсусро гузаронанд. Онҳо носро ҳам халтаҳои селофанӣ ва ҳам дар шиша ҷой мекунанд. Вале кормандони гумруки фурудгоҳи Калининградбо кумаки мутахассисони кинолог ва сагҳои бӯгир доимо ин маҳсулотро пайдо ва мусодира мекунанд. Аз ҷумла тайи 10 моҳи соли 2021 (январ-октябр) беш аз 228 кг нос ёфт ва мусодира карда шуд,», — гуфта мешавад дар хабар.Нисбат ба “қочоқбарони нос” бар асоси қисми аввали моддаи 16.2 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия 226 парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба “қочоқбарони нос” бар асоси ин банди қонун таҳдид мекунад. Онҳо ҳамчунин аз носи худ маҳрум мешаванд, чунки тибқи қонун, маводи мусодирашуда бояд ҳамчун моли қочоқӣ нобуд карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button