Нуқтаи назар

Муаллим талабаро лату кӯб карду (Видео)…

Қадру қиммати муаллим аз падар беш аст мегӯянд, вале баъзе устодоне ҳастанд, ки дар муносибат бо шогирдон ба зиёдаравӣ роҳ дода, бачаҳоро дар вақти дарс дашному ҳақорат медиҳанд, таҳқир мекунанд ва ҳатто ба сари фарзандони мардум даст ҳам мебардоранд. Яке аз чунин омӯзгорони “сахтгир”-ро барои лату кӯби шогирдаш ҷазо доданд. Омӯзгори мӯштзӯр сокини Самарқанди бостонӣ буда, дар ноҳияи Пайариқ зиндагӣ мекунад ва барои лату кӯби як хонандаи синфи 8 аз кор ронда шудааст. Тавре ки аз хабархои дар ВАО паҳншуда бармеояд, ин омӯзгори фанни риёзӣ-математика яке аз шогирдонашро, ки дар синфи 8 таҳсил мекардааст, барои ба хоҷатхона рафта, дертар ба дарс даромадан ба таври худ ҷазо дода, зери мушту лагад гирифтааст. Хонаводаи бачаи аз муаллим шаттахӯрда аз рӯйи омӯзгори бадкирдор арз карданд ва идораи маорифи Самарқанд баъди санҷиши ин ҳодиса муаллимро аз кор озод намуд.

https://www.instagram.com/p/CV-Z-XolYZW/

манба:оила ТЧ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button