ВидеоНуқтаи назарХабарҳои кӯтоҳҲуқуқи инсон

РОНАНДАИ “ЛАМБОРГИНИ” ГУНОҲРО БА ГАРДАН ГИРИФТ. Ӯ ПИСАРИ РАИСИ СОБИҚИ БОХТАР БУДААСТ (ВИДЕО)

Ронандаи мошини гаронбаҳои “Ламборгини”, ки шаби 7 ноябр дар майдони Дӯстӣ дар рӯбарӯи бинои парлумони Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ба як мошини “Тойота Кемри” бархӯрд, писари Ҳоҷӣ Амируллои Асаддуло (Амирулло Холов), додарарӯси президент ва раиси собиқи шаҳри Бохтар будааст.Ба гуфтаи манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар БДА, кормандони ин ниҳод дар садама ронандаи “Ламборгини”ро гунаҳкор бароварданд ва ӯ ҳам бе ягон эътироз айби вай будани ин садамаро ба гардан гирифта, ваъда додааст, ки мошини “Тойота”ро ҳам дуруст карда медиҳад. Ин манбаъ гуфт, “мошини “Тойота” ку, ба хайр аст, вале “Ламборгини” ягон 60 то 70 ҳазор доллараш мепарад, чунки ҳамаи қисмҳои эҳтиётиашро бояд якта якта аз хориҷи кишвар фармоиш диҳанд.”Дар пайи он садама бисёриҳо аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки агар садама бо айби ронандаи “Тойота” рӯй дода бошад, пас “каппааш сӯхт”. Зеро мошини “Lamborghini Urus” 250.000 $ арзиш дорад.

https://www.facebook.com/ParvizTV/videos/866321394080595

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button